11 Май 2026 - 13:25
Source: ABNA
Амалиёти ғафлатгиркунандаи Ҳизбуллоҳ алайҳи дастаи пуштибонии артиши сиёнизм

Ҳизбуллоҳи Лубнон аз 2 амалиёти пай дар пайи худ алайҳи низомиёни сиёнизм ва дастаи пуштибонии онҳо дар минтақаи Тайба хабар дод.

Ба гузориши агентии хабарии Абна ба нақл аз Ал-Маядин, Ҳизбуллоҳи Лубнон эълом кард, ки соатҳо пеш низомиёни сиёнизмро дар дохили як хона дар минтақаи Бидр ал-Фақонӣ, воқеъ дар Тайба, бо ҳавопаймои бесарнишини интиҳорӣ ҳадаф қарор додааст.

Пас аз он барои бори дуюм дастаи низомиёни сиёнизм, ки барои берун кардани маҷрӯҳон ба ин минтақа фиристода шуда буданд, низ ҳадаф қарор гирифтанд.

Қаблан низ Муқовимати исломии Лубнон эълом кард, ки дар посух ба нақзи мукаррари созишномаи оташбас аз ҷониби артиши режими сиёнии Исроил ва идомаи ҳамлаҳо ба ҷануби Лубнон, разомандагони Ҳизбуллоҳ дар тӯли 24 соати гузашта, 24 амалиётро алайҳи мавзеъҳо ва марказҳои низомии режими сиёнии Исроил ба иҷро даровардаанд.

Your Comment

You are replying to: .
captcha